Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Екатеринбург ташриф овард 

17.10.2024 12:08

Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Екатеринбург ташриф овард 

 Бегоҳирӯзии  17 октябри соли 2024 сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Салмон Лангарӣ ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ташриф овард. 

Тайи чанд рӯз Ҷамила Лангарӣ дар кори Ҳамоиши сеюми таърихию бойгонии Урал иштирок намуда, маърӯзаҳо мекунад ва дар мулоқоту мизҳои мудаввар ибрози андеша хоҳад намуд. 

Дар фурудгоҳи байналмилалии екатеринбургӣ "Колтсово" сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Салмон Лангариро сардори Раесати бойгониҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия Роман Тараборин ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода истиқбол гирифтанд.

55555.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg