Мулоқоти судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими шинохтаи диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Ҷанубӣ

14.10.2024 18:53

Мулоқоти судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими шинохтаи диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Ҷанубӣ

14 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ходими шинохтаи тоҷикони муқими вилояти Челябински Федератсияи Россия Мусоҷон Додобоев  мулоқот намуд.

Дипломати тоҷик Мусоҷон Додобоевро барои ҳамкории хуб бо муассисаи консулӣ тайи 15 соли охир дар арсаи кумакҳои хайриявӣ ба ҳамватанони ниёзманд ва тарбияи насли навраси тоҷиктабор дар рӯҳияи  арҷгузорӣ ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқии миллӣ  ва эҳтиром намудани фарҳангу суннатҳои мардуми таҳҷоии россиягӣ бо қадрномаи Консулгарии генералӣ сарфарозу рӯҳбаланд кард. 

Мусоҳибон ҷараёну вазъи раванди иҷрои амалии Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбургро барои соли 2024, аз ҷумла дар бахши мусоидат ба равандҳои мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии шаҳрвандону зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи россиягӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ  ва кирдории онон, мавриди мубодилаи афкору пешниҳодот қарор доданд.

Мусоҷон Додобоев ба идомаи мусоидат ба фаъолияти босамари Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург изҳори омодагӣ намуд.

34343545.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg