Сафари дипломати тоҷик ба шаҳри Сургути Ҳавзаи мухтори Ханти--Мансийски вилояти Тюмени Федератсияи Россия 

11.10.2024 10:52

Сафари дипломати тоҷик ба шаҳри Сургути Ҳавзаи мухтори Ханти--Мансийски вилояти Тюмени Федератсияи Россия 

11 октябри соли 2024  котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов барои аз наздик шинос шудан бо вазъи кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ--шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри россиягии Сургут сафари корӣ намуд.

Субҳон Қурбонов бо шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрӣ карда, роҷеъ ба зарурати ҳатмии риоя кардани қонунгузории россиягӣ, саривақтӣ таҳия намудани ҳуҷҷатҳои будубоши ва фаъолияти меҳнатӣ, эҳтиром намудани суннату фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, ҳазар кардан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлуби зиддидавлатӣ ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, худдорӣ намудан аз тамошои наворҳои мамнӯъ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба истеъмолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дахолат накардан ба равандҳои сиёсии дохилии кишвари иқомат ибрози андеша кард.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифта, барои таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбари ташкилоти минтақавии ҷамъиятии миллӣ-фарҳангии тоҷикони муқими шаҳри Сургут "Ваҳдат" Файзулло Аминов иштирок  ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон дипломати тоҷик ба Файзулло Аминов  ва муовинаш Мирзодавлат Миршарифов тавсия дод, ки аз навидҳо, пешрафтҳо, тазоду норасоиҳои зиндагии тамоми қишрҳои диаспораи маҳаллии тоҷик маълумоти саривақтӣ дар даст дошта бошанд ва барои ҳаллу фаслашон оҷилан иқдом гиранд.

dip-1111.jpg

dip-2222.jpg

dip-3333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg