Дипломати тоҷик аз аҳволи бошандагони тоҷикистонии Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Сургут дидан намуд
12 октябри соли 2024 котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов, муовини роҳбари Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии миллӣ-фарҳангии тоҷикони муқими шаҳри Сургут "Ваҳдат" Мирзодавлат Миршарифов ва ходими намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи мазкур Шукрулло Темиров аз аҳволи бошандагони тоҷикистонии Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри шимолии россиягии Сургут хабар гирифтанд.
Субҳон Қурбонов зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин ибрози андеша карда, ёдрас намуд, ки Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои нафароне, ки шиносномаи хориҷӣ дар даст надоранд ё муҳлати эътибораш ба охир расидааст, дар фурсати кӯтоҳтарин шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ройгон омода намуда, сари вақт дастраси шаҳрвандон мегардонад.
Ҳамзамон Субҳон Қурбонов ба саволҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дод.

