Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург аз ҳолу авзои ҳамватанони худ–муҳоҷирони корӣ дар ноҳияи Сысерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия воқиф гашт

12.10.2024 10:43

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург аз ҳолу авзои ҳамватанони худ–муҳоҷирони корӣ дар ноҳияи Сысерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия воқиф гашт

12 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар деҳаи "Космакова"-и ноҳияи Сысерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия гурӯҳи ҳамватанони худ–муҳоҷирони меҳнатиро дар хоҷагии фермерии муваффақи Алексей Юрьевич Бондарев, бо хоҳиши онҳо, хабар гирифт.

Муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулови ҷумҳурӣ Зиёвуддин Ғиёсиддинов ва Диёрбек Расулбоев  шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии худ ва ҳамватанони дигарро ба таври мусбат арзёбӣ карданд, шукргузорӣ намуданд ва макони кории хешро нишон доданд.

Зимни суҳбати самимӣ маълум гардид, ки тоҷикистониёни номбурда рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ватани худ ва кишвари дӯсти иқоматро мунтазам аз тариқи расонаҳои оммавӣ пайгирӣ намуда, забонҳои модарӣ ва русиро хуб медонанд, ҷанбаҳои асосии қонунгузории россиягиро медонанд, ба омӯзиши таърихи Россия завқу рағбат доранд, нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии Россия эҳтиром доранд. 

Дипломати тоҷик ба роҳбарияти хоҷагии фермерӣ барои муносибати меҳрубононаю ғамхоронааш нисбат ба ҳамватанонаш–муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори сипос намуд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин сафар чеҳраи шинохтаи  диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна, ҳуқуқшинос Сангалӣ Салимов, корманди фаннии муассисаи консулӣ Мирзошариф Бобоев ва котиби масъули маҳфили ғайрисиёсии "Ротари клуб Екатеринбург Марказ" Леонид Засыпкин ҳамроҳӣ карданд.

gov-1111.jpg

gov-2222.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg