Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар маросими ифтитоҳи “Майдони раҳмат” ва муҷассамаи “Сангҳои муаллақ” дар пойтахти уралӣ иштирок намуд
9 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ифтитоҳи мутантани “Майдони раҳмат” ва муҷассамаи “Сангҳои муаллақ” дар майдони назди Маркази ҷамъиятию динии яҳудиёни шаҳри Екатеринбург "Синагога" (дар кӯчаи ба номи Валериан Куйбышев) иштирок намуд.
Дар ин маросим Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин, сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, муовини намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов, муовини якуми раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Аркадий Чернетский, раиси Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Александр Левин, раиси Палатаи ҷамъиятии шаҳри Екатеринбург Анна Гурарий, сарраввини Россия Берл Лазар, сарраввини шаҳри Екатеринбург ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия Зелик Ашкеназӣ, молики гурӯҳи ширкатҳои "Сималенд" Андрей Симановский, намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ ширкат доштанд.
Дар маросими ифтитоҳи майдону ёдгорӣ Евгений Куйвашев, Берл Лазар, Алексей Орлов, Аркадий Чернетский ва Анна Гурарий суханрониҳои пурмуҳтаво карданд.
Иштирокчиёну меҳмонони фахрии маросими ифтитоҳӣ ба сарпарасти ин Пружа--соҳибкори муваффақу соҳибном Андрей Симановский--изҳори сипос карданд.
Маросими гузоштани санги аввали таҳкурсии майдону ёдгорӣ ҳанӯз дар соли 2022 бо иштироки Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, раиси Ассотсиатсияи вилоятии собиқ маҳбусини "гетто" ва лагерҳои гитлерии консентратсионӣ (дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) С.И.Спектр ва сарравини шаҳри Екатеринбургу вилояти Свердловски Федератсияи Россия Зелик Ашкеназӣ ба зуҳур пайваста буд.



