Суҳбати судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими босалоҳияти ҳуқуқдони диаспораи тоҷикони муқими пойтахти уралӣ  

09.10.2024 10:12

Суҳбати судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими босалоҳияти ҳуқуқдони диаспораи тоҷикони муқими пойтахти уралӣ  

Дар нимаи дуюми рӯзи 9 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ходими босалоҳияти ҳуқуқдони диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, номзад  ба узвият дар Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Абубакр Ҷамшедзода Саидшарифов мулоқот намуд.

Дипломати тоҷик Абубакр Саидшарифовро барои ҳамкории хуб бо муассисаи консулӣ тайи давраи аз соли 2009 то кунун дар арсаи кумакҳои хайриявӣ ба ҳамватанони ниёзманд ва тарбияи насли навраси тоҷиктабор дар рӯҳияи  арҷгузорӣ ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқии миллӣ  ва эҳтиром намудани фарҳангу суннатҳои мардуми таҳҷоии россиягӣ бо қадрномаи Консулгарии генералӣ сарфарозу рӯҳбаланд кард. 

Мусоҳибон ҷараёну вазъи раванди иҷрои амалии Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбургро барои соли 2024, аз ҷумла дар бахши мусоидат ба равандҳои мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии шаҳрвандону зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи россиягӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ  ва кирдории онон, мавриди мубодилаи афкору пешниҳодот қарор доданд.

Абубакр Саидшарифов ба идомаи мусоидат ба фаъолияти босамари Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург изҳори омодагӣ намуд.

abu-1111.jpg

abu-2222.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg