АСАРИ МАНФИИ ҶАҲОНИШАВИИ АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ (дар мисоли кишвари будубош)

07.10.2024 11:53

АСАРИ МАНФИИ ҶАҲОНИШАВИИ
АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ (дар мисоли кишвари будубош)

9 ноябри соли 2022 Сарвари давлати Россия В.Путин бо фармони таърихии хеш таҳти рақами 809 асосҳои сиёсати давлатии кишварашро оид ба бақодорӣ ва таҳкими арзишҳои анъанавии россиягии маънавию ахлоқӣ тасдиқ намуд. Вале ин фармони умда тақрибан татбиқи амалӣ пайдо накардааст. 
Баррасиҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки густариши рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ осору пайомадҳои манфии бисёре ба ҳамроҳ доштааст. Аз дидгоҳи иддае аз таҳлилгарон, ҷаҳонишавӣ зерсохтори зиндагии инсонҳоро тағйир додааст ва равиши навини зиндагиро ба ҳамаи башарият талқин хоҳад намуд. Вале аз ҳоло маълум аст, ки падидаи ҷаҳонишавӣ таъсирҳои амиқу муҳимеро ба зиндагӣ ва муносиботи байниҳамдигарии инсонҳо ба вуҷуд овардааст.
Яке аз муҳимтарин арсаҳое, ки таъсири падидаи ҷаҳонишавӣ тағйироти умдаеро пазиро мебошад, ниҳоди хонавода аст. Афзоиши вайроншавии издивоҷҳо дар ҷомеаи муосири Россия, ки ҳудуди 73 дарсади издивоҷҳоро дар бар мегирад ва густариши ҳамзистии муштараки бидуни никоҳ, ки дар Россияи муосир баъди соли 2014 то 4 баробар афзоиш ёфтааст, чолишҳоеянд, ки таҳти таъсири ҷаҳонишавӣ ба вуқӯъ пайвастаанд ва имрӯз бошиддаттарин хатар дар баробари талоши ҷомеаҳои башарӣ барои ҳифзи якпорчагии хонавода ба ҳисоб мераванд. 
Хонаводаҳои якволидӣ ба ин сурат, ки маъмулан занон довталабона фарзандони худро ба танҳоӣ сарпарастӣ мекунанд ва дар айни ҳол иртиботи худро бо мардони дигар ҳифз менамоянд, ба навъе шикасти сохтори хонаводаи анъанавиро дар пай доранд.
Ҷаҳонишавӣ ба сабаби коҳиш ёфтани муносибатҳои байниҳамдигарии хешовандону наздикон, фардгароӣ(индивидуализм), истеъмолгароӣ ва заиф шудани фарҳангҳои маҳаллӣ робитаҳои байни аъзои оилаҳоро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст. Пешрафтҳои ҳайратовар дар заминаҳои фановарии иттилоот робитаҳои байни инсонҳоро беш аз пеш таҳти таъсири воситаҳои расонаӣ ва иртибототӣ, монанди Интернет ва шабакаҳои радиову телевизион, қарор додааст.
Агар иттиҳоду ягонагии аъзои оиларо муҳимтарин нишонаҳои солимии оила ҳисоб кунем, равшантарин нишонаи харобии он коҳиши робитаи аъзои хонавода ва аз байн рафтани фурсати гуфтугузори муносиб байни онҳо мебошад. Таъсиргузортарин омиле, ки оиларо ба чунин вазъе рӯ ба рӯ мекунад, истифодаи ифротӣ аз телевизион ва шабакаҳои иҷтимоии Интернет мебошад.

Воқеият ин аст, ки акнун дар ҷомеаи муосир телевизион муҳимтарин узви хонавода шудааст, – узве, ки бештарин таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад, дар робита аз ҳама фаъолтар аст ва дар айни ҳол робитаи ғолиби яктарафа дорад, ки дар ин робита ҳеҷ як аз аъзои хонавода аҳамиятеро, ки телевизион дорад, надорад.
Иртибототи маҷозӣ фазои маҷозӣ падид овардааст, ки на танҳо сифати иртибототи воқеиро фурӯ нишондааст, балки боиси коҳиши арзишҳои ахлоқӣ, воқеиятгароӣ, густариш пайдо намудани арзишҳои маҷозӣ ва аз байн рафтан ё мубҳам шудани ҳадафмандиҳо дар зиндагӣ шудааст.
Ҷанбаи иқтисодии ҷаҳонишавӣ низ пайомадҳое барои хонавода доштааст. Вуруди занон ба бозори кор манбаъҳои даромади оилавиро афзун кардааст. Ин амр, ҳарчанд фоидае барои занон доштааст, аммо масъулиятҳои хонаводагии ононро камаҳамият кардааст. Зеро занон дар анҷоми ҳамзамони нақши шуғлӣ ва вазифаҳои хонаводагӣ дучори сардаргумӣ шудаанд, ки афзоиши пошхӯрии иттиҳодҳои заношӯӣ – бо ташаббуси занон – далели равшани ин вазъ мебошад. Ҷаҳонишавӣ фарҳанги оиларо ба истеъмолгароӣ кашондааст. 
Ҷомеаи нави ҷаҳонӣ истеъмолгароёнеро ба вуҷуд меоварад, ки рафтори онҳо комилан аз шеваи зиндагии насли пешин фарқ дорад. Онҳо истеъмолгарони ормонӣ ҳастанд. Яъне истеъмоли онҳо бар пояи лаззатгароӣ аст ва ҳеҷ майле ба пасандозу оянданигарӣ надорад. 
Ба назар мерасад, ки омилҳое, монанди истеъмолгароӣ, истиқлоли фардӣ, густариши иртибототи маҷозӣ, боиси коҳиш ёфтани фарҳангҳои миллӣ гардидаанд ва ҷойгоҳи муҳими падару модарро, ки муҳимтарин нақшро дар тарбияи иҷтимоӣ ва ахлоқии кӯдакон доранд, дар хонавода заиф кардаанд. Канда шудани пайванди наслҳо низ маҳсули чунин фароянд мебошад.
   Воқеият ин аст, ки хонавода ҳам аз назари сохторӣ дигаргун гаштааст ва ҳам аз нигоҳи эътиқодиву арзишӣ – зери таъсири навгароӣ, дунёгароӣ ва динзудоӣ – бо дигаргуниҳои бисёре рӯ ба рӯ шудааст. Технологияҳо ва васоити иртиботи оммавӣ бо ворид шудан ба оилаҳо арзишҳои иҷтимоии хонаводаҳоро таҳти таъсир қарор додаанд ва боиси тағйирот дар андешаву рафтору гуфтори насли ҷавон гардидаанд.
Аз ҷумлаи ин воситаҳо метавон ба шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ишора кард. Замоне шунидан ва тамошо кардан дар ҳар хона ба таври якҷоя сурат мегирифт, дар ҳоле ки акнун шунидану дидани расонаҳо инфиродӣ шудааст ва истифодаи ҳамзамон аз якчанд расонаҳои гуногун ба меъёрҳои зиндагии хонаводагӣ табдил шудааст. Васоити иртиботи оммавӣ фосилаҳоро нопадид месозад ва девори байни инсонҳоро низ то ҳудуди зиёде шаффофтар мегардонад. Бино бар ин, чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки ин воситаҳо ба ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла оила, таъсир нарасонанд?

Бисёре аз коршиносон муътақиданд, ки пешрафтҳои технологӣ дар ҷомеа ба ҷои ин, ки ба озодии инсон ва ҳукмронии ӯ ба табиат анҷом шаванд, ба воситаи баҳраи бештаре бурдан аз инсонҳо табдил шудаанд. Инсон дорои як ҷанба, ҷанбаи мошинӣ шудааст ва дигар ҷанбаҳои шахсияти ӯ аз байн рафтаанд. Ахлоқ, забон, фарҳанг, ҳунар, эҳсос – ҳама – таҳти ҳукумату таъсири технология қарор гирифтаанд ва дар натиҷа дар ҷомеа тафаккури яксоҳавӣ ба вуҷуд омада, ҳуқуқу озодиҳои фардӣ маънои анъанавиашонро гум карда, ҷои худро ба фарҳанги моддӣ супурдаанд.
Донистани ин, ки мо дар истифода аз воситаҳои иртиботи оммавӣ дар чӣ вазъияте қарор дорем, аҳамияти вижа дорад. Чаро ки инқилоби технологии иттилоот, ки муҳимтарин омили ба вуҷуд овардани тағйирот ба ҳисоб меравад, ҳокимон ва маҳкумони худро дорад. Расонаҳои фаромиллӣ, ки аз дидгоҳи бисёре аз андешамандону коргузорон, афзори асосии фароянди ҷаҳоникунӣ ба шумор мераванд, омили аслии пешкаш намудани фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Фарҳанге, ки дар он моддагароӣ, истеъмолгароӣ, сервисҳои саргармкунандаву авомписанд, секс ва хушунати ифротӣ талқин мешаванд.
Ба эътиқоди баъзе аз назарияпардозон, маҳз ҳамин омилҳову арзишҳо ба суботу ҳамбастагии рукнҳои хонаводаи суннатӣ ва издивоҷи анъанавӣ ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Ин назарияпардозон омори дар ҳоли афзоиши пошхӯрии иттиҳоди заношӯӣ ва фарзандони таваллудшуда аз издивоҷҳои ғайрирасмиро дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки марҳалаҳои зиёди ҷаҳонишавиро тай кардаанд, далели маҳкаме бар тасдиқи иддаои хеш медонанд.
Густариши расонаҳои оммавӣ, бавижа расонаҳои намоишӣ ва барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ, ба бесуботии оилаҳо доман задааст. Нахустин мушкиле, ки ин расонаҳо дар хонаводаҳо эҷод мекунанд, тарғиби истиқлоли фардӣ ва гӯшагирӣ дар оила аст. Метавон гуфт, ки моҳвора яке аз расонаҳои бисёр таъсиргузор дар дунёи имрӯз аст, ки ба дунболи афзоиши инқилоби саноатӣ ва вуруди технологияҳо бунёди хонаводаҳоро дучори осеб кардааст.
Ҷавонони имрӯз бар пояҳои ларзони ҳувиятҳои асри ихтироъҳои бесобиқа қарор гирифтаанд, ки дар қолаби ҳеҷ кадом аз онҳо наметавонанд мавқеи инсони фаъолро пайдо кунанд. Густариши иртиботот ва гардиши озоди иттилоот дар ҷаҳони муосир заминаи навин ва саршор аз чолишҳоро фароҳам овардааст, ки дар он ҳувияти фарҳангии ҳамаи ҷомеаҳо дар маърази тағйироти амиқ қарор гирифтааст. Бисёре аз соҳибназарон бар ин ақида ҳастанд, ки имрӯзҳо ҳувияти фарҳангии наврасону ҷавонони Тоҷикистон дар вазъияти мубҳаму ҳассос ва дар маърази чолишҳои ҳувиятии ҷиддии аз таъсири расонаӣ бавуҷудомада қарор дорад.

Дар ҷаҳони имрӯз, ки кишварҳову миллатҳо бо риштаи садҳо омилҳои иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангӣ ба ҳам пайвастаанд, субот ё тағйири арзишҳои фарҳангии як ҷомеа, ки дар назари сатҳӣ танҳо бахши аслии он ҷомеа ба шумор мераванд, мӯҷиби субот ё тағйири фарҳанги ҷомеаҳои дигар мешаванд ва вобаста ба он субот ё дигаргунии хонаводаҳо низ таҳти таъсир қарор мегиранд. Дар солҳои охир арзишҳои фарҳангӣ – ҳамчун яке аз омилҳои муассир дар суботу пойдории зиндагии заношӯӣ – дар бисёре аз ҷомеаҳо боаҳамият ташхис дода шудаанд, ба гунае ки аз онҳо ба унвони як пешбиникунандаи суботу пойдории издивоҷҳо ёд шудааст.

Ғарбӣ кардан наметавонад охирин ва беҳтарин посух ба ҷаҳонӣ шудан бошад, зеро худи Ғарб бо мушкилоти зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ ва чолишҳои фаровон рӯ ба рӯ мебошад. Нуфузи Ғарб бар расонаҳо ва воситаҳои навини расонаӣ, бавижа шабакаҳои моҳвораӣ ва Интернет, танҳо ба бесуботии фарҳангӣ, арзишӣ ва ҳувиятӣ дар кишварҳои музофотӣ охир мешавад. Ба ҳамин сабаб аст, ки тамоми давлатҳои дунё – чи равшанфикру чи ғайриравшанфикр – пайваста саъй доранд муҳтавои телевизион ва ҷараёни иттилоотиро зери назорат қарор диҳанд. Аммо сензура кардани иртибототи моҳвораӣ ва Интернет барои давлатҳо ҳанӯз кори мушкил ва тақрибан ғайриимкон аст.
Дар ин миён телевизион – ҳамчун воситаи ба вуҷуд овардани афкори умумӣ – бо пӯшондани мушкилоти иҷтимоӣ ва масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ бо роҳи пахши барномаҳои фароғативу намоишӣ нақши худро ифо менамояд. Бо ин ки дар телевизион, дар канори тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, барномаву намоишҳои дигаре, аз қабили фарҳангӣ, мусиқӣ, мусобиқоти варзишиву телевизионӣ, филму сериал ва ғайра, пахш мешаванд, нақши ин воситаи иртиботӣ, ҳамчун муҳимтарин минбари идеологӣ, боқӣ мондааст ва то дер замоне чунин боқӣ хоҳад монд.

Зафар Сайидзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих

7 октябри соли 2024

333333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg