Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо раиси созмони ҷамъиятии "Хонаи Урал" мулоқот кард 

19.09.2024 13:22

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо раиси созмони ҷамъиятии "Хонаи Урал" мулоқот кард 

19 сентябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо раиси  Ташкилоти ҷамъиятии ҳамватанон ва кӯчбастагони иҷбории вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Хонаи Урал" Леонид Гришин ва муовинаш Рафаэл Сироҷиддинов мулоқот намуд. 

 Тайи суҳбати судманди якунимсоата масъалаҳои аз нав роҳандозӣ кардани ҳамкориҳо дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн баррасӣ шуданд. 

 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳодро оид ба боздид аз қароргоҳи асосии созмони "Хонаи Урал" дар ояндаи наздик ва таҳти васояти он то охири соли равон доир намудани мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шакли саволу ҷавоб қабул кард. 

Мусоҳибон ба масъалаҳои мубрам марбут ба роҳу василаҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ахлоқию равонии муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқию маънавии онҳо, мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии онон дар ҷомеаи россиягӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

3453453.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg