Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имом--хатиби Масҷиди ҷомеи шаҳри Екатеринбург ифтихорномаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро биспурд
18 сентябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини муфтии Муфтиёти марказии(Идораи рӯҳонии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, имом--хатиб Маҳмадюсуф Умарзода Сандалов ва ёвари муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Суҳроб Ҷӯраев мулоқот намуд.
Дар мулоқот котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов иштирок кард.
Консули генералӣ ба фаъолияти имом--ҳазрат Маҳмадюсуф Умарзода Сандалов ба ҳайси узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баҳои баланди мусбат дод ва ба идомаи хуби ҳамкориҳо дар ин ҷода изҳори умеду итминон кард.
Мусоҳибон дар бораи аҳамияти бузурги пешбурди тарбияи ахлоқии ҳамватанон, қабл аз ҳама наслҳои ҷавон, ва таҳкими ҳамкориро дар ин арса тазаккур доданд. Дар аснои гуфтугӯ дар бораи зарурати муқовимат ба зуҳуроти хатарзои терроризму ифротгароии сиёсӣ дар пардаи мазҳабӣ қайд гардид, ки дар ин раванд боло бурдани сатҳу сифати саводи динию дунявии наслҳои ҷавони тоҷикистониён дорои аҳамияти ҷиддӣ мебошад.
Консули генералӣ ба имом--ҳазрат Маҳмадюсуф Умарзода Сандалов барои ҳамкориҳои муфидаш бо намояндагиҳои давлатии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар бахши тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонони тоҷикистонӣ ифтихорномаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид ва ӯро ба ин муносибат сидқан табрику таҳният гуфт.


