Суҳбати самимии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ 

13.09.2024 11:46

Суҳбати самимии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ 

13 сентябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Олга Пирогова мулоқот намуд.

Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ, самимият ва ҳусни тафоҳуми комил ба зуҳур пайваст, роҷеъ ба дастовардҳои мавҷуда ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо шарикони тоҷикистонӣ суҳбати судманд сурат гирифт.

Олга Пирогова дар бораи кӯҳҳои Фон дар мавзеи водии Зарафшони Тоҷикистон, ҳамчун минтақаи ҷаззобу мафтункунандаи сайёҳӣ, барои шунавандагони Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва, умуман, россиягиҳо бо ҳаяҷон сухан ронд. 

Дипломати тоҷик омодагии худро барои расондани кумак дар иҷрои амалии нақшаҳои ҳамкории Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар самти Тоҷикистон изҳор дошт.

Олга Пирогова ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи шеърҳояшро дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикон, ки онро соли 2023 дар шаҳри Екатеринбург бо номи "Дар бораи Тоҷикистон бо муҳаббат" ба табъ расондаасту таҳти таассурот аз силсилаи сафарҳо ба кишвари кӯҳистонӣ дар соли 2019 ва бар асоси хотираҳои дурахшони солҳои 1980-ум дар бораи ин сарзамин эҷод  кардааст, ҳадя намуд. Дипломати тоҷик ин туҳфаи нодири маънавиро бо арзи сипос қабул кард.

34534534535345345345345435.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg