Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими шинохтаи минтақаи Урали Миёна дар соҳаи маориф ва илм суҳбати судманд дошт
12 сентябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ директори Донишкадаи идоракунии Урал–Академияи президентӣ, директори Донишгоҳи корпоративии "Кейтеринбург", ходими илмии Пажӯҳишгоҳи умумироссиягии меҳнат Руслан Долженко мулоқот дошт ва ӯро барои ҳамкориҳои муфид бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадр намуд.
Зимни суҳбат роҷеъ ба масъалаҳои мубрами воқеияти муосири сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, тамоюли арзишии насли наврасу ҷавони Тоҷикистону Россия табодули афкори судманд сурат гирифт.
Мусоҳибон ба ҳамдигар китобҳои ҷолибу арзишмандро туҳфа карданд.
