Дидори Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар мағозаи калони екатеринбургии ҶДММ "Экономмаркет" 

02.09.2024 12:25

Дидори Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар мағозаи калони екатеринбургии ҶДММ "Экономмаркет" 

2 сентябри соли 2024 Консули генералии. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода-- дар вақти танаффус--бо ҳамватанон дар  мағозаи калони ҶДММ "Экономмаркет" дидорбинӣ намуда, аз ҳолу авзояшон пурсон шуд ва бо наздик омадани таҷлили иди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ононро шодбош гуфт. 

Дипломати тоҷик ходимони намоёни  ширкати болозикр Сайалӣ Ҳоҷиев ва Диловаршоҳ Тӯтиевро барои мусоидати муассир ба кори муваффақонаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14-ми байналмилалӣ "Иннопром-- 2024" бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадр намуд.

eko-333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg