Кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург суханронии Сарвари давлат, Пешвои миллатро бахшида ба "Рӯзи дониш" якҷо бодиққат тамошо карданд
1 сентябри соли 2024 кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷараёни Мулоқоташон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба "Рӯзи дониш" якҷо бодиққат тамошо карданд.
Пас аз анҷоми он мубодилаи афкор сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки дар партави ин суханронии умдаю пурмуҳтави Сарвари давлат нақшаи корҳои ғоявию фаҳмондадиҳии муассисаи консулӣ дар миёни ҳамватанони муқими минтақаи Урали Россия таҳия ва амалӣ карда мешавад.


