Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо сардори раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар нимаи дуюми рӯзи 13 июли соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо сардори раёсати технологияҳои нав ва роҳбари гурӯҳи кории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14--уми байналмилалии саноатӣ "Иннопром--2024" Юсуф Камолзода мулоқот намуд.
Дипломати тоҷик роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юсуф Камолзодаро бо иштироки муваффақонаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14--уми байналмилалии саноатӣ "Иннопром--2024" ва бунёду муаррифии шоистаи Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳ, ки чун беҳтарин павилён эътироф гардидааст, сидқан табрику таҳният гуфт.
Консули генералӣ Юсуф Камолзода ва гурӯҳи ҳамкоронашро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.