Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба тими тоҷикистонии футбол "Равшан"(Кӯлоб) мухлисӣ намуд  

10.07.2024 16:27

Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба тими тоҷикистонии футбол "Равшан"(Кӯлоб) мухлисӣ намуд  

Бегоҳирӯзии 10 июли соли 2024 тими тоҷикистонии футболболбозон "Равшан" (Кӯлоб) дар мусобиқаи байналмилалии футбол  бахшида ба Намоишгоҳи 14--уми байналмилалии саноатии "Иннопром--2024" бар тими футболбозони Ҷумҳурии Сербия бо ҳисоби 4:0 музаффар шуда, соҳиби ҷойи сеюм гашт. 

Дар ин бозӣ ба ҳайси мухлису тамошогар Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва шахсони ҳамроҳашон иштирок намуданд. 

Аъзои ҳайати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танаффуси калони бозӣ ва пас аз анҷомаш бо аъзои дастаи футболбозони тоҷикистонӣ суҳбатҳои самимӣ ва рӯҳбаландкунанда доштанд.

ravshan-1.jpeg

ravshan-2.jpeg

ravshan-3.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg