Ташрифи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев ба Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14--уми байналмилалии саноатии "Иннопром--2024" 

10.07.2024 16:08

Ташрифи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев ба Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14--уми байналмилалии саноатии "Иннопром--2024" 

Дар нимаи аввали 10 июли соли 2024 Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев ба Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14--уми байналмилалии саноатии "Иннопром--2024"  ташриф овард. 

Дар даромадгоҳи Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Губернатори вилоят Евгений Куйвашевро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода сидқан истиқбол гирифтанд. 

Дар аснои тамошои ҷузъҳои гуногуни экспозитсияи миллии тоҷикистонӣ Губернатори вилоят Евгений Куйвашев ба шарҳу эзоҳи босалоҳияти Вазири ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир мутаваҷҷеҳ шуд.

Евгений Куйвашев аз шиносоӣ бо Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хотирболида гашт ва пас аз анҷоми он дар мусоҳибаи  матбуотӣ ба экспозитсияи тоҷикистонӣ баҳои баланди мусбат дод ва аз ҷараёни татбиқи амалии Нақшаи ҳамкориҳои миёни Вазорати саноату технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия барои солҳои 2023--2026 изҳори қаноатмандиву некбинӣ намуд.

guber-1.jpeg

guber-2.jpeg

guber-3.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg