Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар маросими ёдбуду мотам
22 июни соли 2024 дар Рӯзи ёдбуд ва мотам (рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди Шӯравӣ) Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими мотамии мутантани гулгузорӣ ба назди "Оташи абадӣ" дар оромгоҳи "Широкореченский"-и пойтахти уралӣ иштирок намуд.
Дар ин чорабинии поси хотир муовинони Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Валерий Чайников ва Василий Козлов, раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Бабушкина, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин, муфтии Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Абдулқуддус Ашарин ва муовинаш, имом-хатиб Маҳмадюсуф Сандалов, намояндагони корпуси маҳаллии дипломатӣ, дигар ходимони давлатӣ, сиёсӣ, низомӣ, рӯҳонӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодкор иштирок доштанд.

