Ҳайати умури гумруки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати гумруки Урал аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дидан намуданд

24.06.2024 14:22

Ҳайати умури гумруки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати гумруки Урал аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дидан намуданд

Дар нимаи дуюми рӯзи 24 июни соли 2024 сардори Раёсати гумруки Урал, генерал Алексей Фролов ва ҳайати Раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Фарҳод Зикруллоев аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дидан намуда, бо роҳбари он Зафар Сайидзода суҳбати муфиду пурмуҳтаво анҷом доданд. 

Дипломати тоҷик ба ҳамсуҳбатонаш дар бораи муҳтаво ва самтҳои асосии фаъолияти муассисаи консулӣ тайи солҳои охир дар маҷрои таҳким ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳо ва ҳавзаҳои мухтори шомили минтақаи Урали Федератсияи Россия нақл кард. 

 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати гумруки Урал, генерал Алексей Фроловро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонида, ба ӯ ва аъзои ҳайати умури гумруки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои худро оид ба таърихи Россия тақдим кард.

tamozh-1.jpeg

tamozh-2.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg