Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбургшаҳр дар ҷаласаи онлайнии ҷонибҳои Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат иштирок кард
24 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мулоқоти кории ҷонибҳои Тоҷикистону Россия, ки дар шакли онлайнӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷаласаи кории онлайнӣ вазъу ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия барои солҳои 2023-2026 муфассал баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаи онлайниро муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ва Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов барандагӣ карданд.
Дар муколамаи онлайнӣ аз ҷониби россиягӣ муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин, муовини Вазири сармоягузорӣ ва рушди вилояти Свердловски Федератсияи Россия Елена Хлыбова, президенти Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.