Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар мулоқоти Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо ҳайати кормандони умури гумруки Тоҷикистон иштирок кард 

24.06.2024 13:43

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар мулоқоти Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо ҳайати кормандони умури гумруки Тоҷикистон иштирок кард 

24 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар вохӯрии Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов бо ҳайати намояндагони Раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуд.

Роҳбари ҳайати минтақавии умури гумруки Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев буд.

Мулоқот дар толори музокироти бинои Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия баргузор шуд.

Вохӯрӣ дар доираи рушди ҳамкориҳои байниминтақавии гумрукӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия сурат гирифт.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байниминтақавии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар марҳалаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот сардори Раёсати гумруки Урал, генерал Алексей Фролов ва муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин ширкат доштанд.

muovin-1.jpeg

muovin-2.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg