Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Консули генералии навтаъини Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пойтахти уралӣ
25 июни соли 2024 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Консули генералии навтаъини Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Ҷаҳонгир Парманов баргузор гардид.
Суҳбат дар фазои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба муносибатҳои муосири шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон хос мебошад, сурат гирифт.
Дипломати тоҷик ҳамтоашро бо таъин шуданаш ба чунин як вазифаи масъулиятнок дар хадамоти дипломатӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ китоби дар ҳаммуаллифӣ нашркардаашро оид ба таърихи Россия ҳадя намуд. Дар навбати худ, Ҷаҳонгир Парманов ба ҳамтояш китоби асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоиро эҳдо намуд.
Консулҳои генералӣ омодагии комили тарафайнро ҷиҳати идомаи ҳамкории муфиду муассир бар асоси таҷрибаи мусбати дар ин самт ҷамъшуда изҳор карданд.
