Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Кирови шаҳри Екатеринбургро бо рӯзи таъсисаш табрик гуфт

25.06.2024 13:27

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Кирови шаҳри Екатеринбургро бо рӯзи таъсисаш табрик гуфт

Дар нимаи дуюми рӯзи 25 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар толори калони Маркази фарҳангии Урал дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии ноҳияи Кирови шаҳри Екатеринбург(соли 1943) иштирок намуд.

Дар чорабинӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии миллию фарҳангии вилоят ва пойтахти уралӣ ширкат доштанд.

Дипломати тоҷик сарвари Маъмурияти ноҳияи Кирови Екатеринбургшаҳр Владимир Боликовро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, вайро барои ҳамкориҳои судманд бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонд ва ба ӯ китоби дар  ҳаммуаллифӣ иншокардаашро дар бораи таърихи Россия ҳадя кард.

kirov-1.jpeg

kirov-2.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg