Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ҳамроҳии ҳайати кормандони умури гумруки Тоҷикистон аз корхонаҳои соҳибноми саноатии шаҳрҳои Урали Ҷанубии Россия–Златоуст ва Миасс--дидан кард

26.06.2024 13:19

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ҳамроҳии ҳайати кормандони умури гумруки Тоҷикистон аз корхонаҳои соҳибноми саноатии шаҳрҳои Урали Ҷанубии Россия–Златоуст ва Миасс--дидан кард

26 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--дар доираи  сафари ҳайати Раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд--ҳамроҳ бо муовини намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов, сардори Раёсати гумруки Урал, генерал Алексей Фролов ва кормандони умури гумруки тоҷикистонӣ таҳти роҳбарии Фарҳод Зикруллоев аз корхонаи аслиҳаи шаҳри Златоусти вилояти Челябински Федератсияи Россия (соли 1815 таъсис ёфтааст)—корхонаи истеҳсоли аслиҳаи сарду сувенирҳо-- дидан кард. Дар ин ҷо бо директори генералии ин корхонаи машҳур Валерий Томей оид ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мулоқоти машваратӣ барпо гардид. Дар ин мулоқот сардори гумруки челябинскӣ Михаил Пономарев низ иштирок дошт.

 Кормандони умури гумруки тоҷикистонӣ ва ҳамроҳони онҳо бо таваҷҷуҳи зиёд бо Осорхонаи корхонаи аслиҳа ва бо ҷараёни истеҳсолии баъзе бахшҳои фабрика ба таври муфассал шинос шуданд. 

Дар нимаи дуюми рӯзи 26 июни соли 2024 ҳайати кормандони умури гумруки Тоҷикистон ва шахсони ҳамроҳи онҳо дар шаҳри Миасси вилояти Челябински Федератсияи Россия аз бузургтарин истеҳсолкунандаи мошинҳои боркаш дар Россия--ҶДММ "АМТ Н.В."--боздид намуда, бо  ҷараёни истеҳсолии он ба таври муфассал шинос шуданд ва бо директори генералии ин корхонаи номдор Владимир Новик вохӯрии муфиди корӣ доштанд.

miass-1.jpeg

miass-2.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg