Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар чорабинии фестивалии Пружаи байналмилалии ҷавонон "Ретсепти фарҳангҳо" иштирок кард

27.06.2024 12:46

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар чорабинии фестивалии Пружаи байналмилалии ҷавонон "Ретсепти фарҳангҳо" иштирок кард

27 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ҷашнворавии  гастрономии тушбера, ки дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал баргузор гашт, иштироку суханронии шодбошӣ намуд.

Ҷашнвора дар чаҳорчӯбаи пружаи ҷавонон таҳти унвони "Ретсепти фарҳангҳо", ки бо пуштибонии Агентии федералии Россия оид ба кор бо ҷавонон амалӣ шуд, баргузор гардид. 

Фестивал бо иштироки донишҷӯёни гуногунмиллати мактабҳои олии екатеринбургӣ, ки ба пешбурд ва рушди табодули фарҳангии гастрономӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ доранд, чун чорабинии ниҳоии пружаи  "Ретсепти фарҳангҳо"  ба зуҳур пайваст.

Дар ин чорабинии ҷамъбастӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал, профессор Светлана Минюрова, муовини намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин, намояндагони корпуси маҳаллии дипломатӣ ва дигар шахсони расмӣ иштироку суханронии шодбошӣ намуданд.

kultur-11.jpeg

kultur-2.jpeg

kultur-3.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg