Мулоқоти консулҳои генералии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Екатеринбург

01.07.2024 12:38

Мулоқоти консулҳои генералии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Екатеринбург

1 июли соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Консули генералии нави Ҷумҳурии Қирғизистон дар пойтахти уралӣ Мақсат Тентимишов мулоқот намуд.

 Дипломати тоҷик ҳамтои қирғизашро бо таъин шуданаш ба чунин як вазифаи масъулиятнок дар хизмати дипломатӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои касбӣ таманно кард.

 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо Мақсат Тентимишов баъзе ҷанбаҳои таҷрибаи касбии дипломатии худро дар минтақаи Урали Россия равшану возеҳ намуд.

Консулҳои генералӣ омодагии хешро ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор карданд.

kirg.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg