Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар нишасти матбуотӣ бахшида ба Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром-2024" 

03.07.2024 12:29

Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар нишасти матбуотӣ бахшида ба Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром-2024" 

Дар нимарӯзии 3 июли соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар нишасти матбуотӣ бахшида ба 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром-2024" иштирок намуд. 

Чорабинии матбуотӣ дар толори  оҷонсии иттилоотии "ТАСС-Урал" сурат гирифт.

Нишасти матбуотиро роҳбари "ТАСС—Урал" Любов Арапова барандагӣ мекард.

Дар нишасти матбуотӣ муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва роҳбари шуъбачаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Екатеринбург Сергей Чичук суханронӣ карданд ва ба саволҳои журналистон посух доданд. 

Дипломати тоҷик дар ҷараёни нишасти матбуотӣ роҷеъ ба сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия, барномаи будубоши ҳайати расмии болозикр дар минтақаи Урали Миёна, фаъолияти Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи "Иннопром-2024", тавассути он муаррифӣ гаштани маҳсулоти гуногуни 44 ширкати пешбари ватании Тоҷикистони муосир нақл кард.

vao-1.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg