Мулоқотҳои судманди Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал
6 июли соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода--дар доираи сафари кориаш ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия--ба бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал омада, бо ректори Донишгоҳи мазкур, профессор Яков Силин оид ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар соҳаи мактабҳои олӣ мулоқоти муфассали судманду созанда дошт.
Аз ҳар ду ҷониб пешниҳодҳои мушаххас оид ба густариши ҳамкориҳо ироа гардиданд.Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба пешрафти ин ҳамкориҳо дар доираи ваколатҳояш ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Баъд анҷоми суҳбати Сафиру ректори Донишгоҳ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Мулоқоти Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷикони муқими Ҳавзаи федералии Урал баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин Мулоқот, ки зиёда аз ду соат идома ёфт, Сафири Тоҷикистон суханронии ҷолибу пурмуҳтаво намуд ва роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал ба таври озод ибрози андешаю пешниҳодот карданд ва ба саволҳои худ аз Сафири Тоҷикистон дар Россия посухҳо гирифтанд.
Сухан асосан дар бораи боло бурдани мавқею нуфузи диаспораи тоҷикистонӣ дар қаламрави Россия, аз байн бурдани тамоилу ҳодисаҳои манфию номатлуб дар миёни аъзои ҷомеаи тоҷикону донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Россия ва муҳоҷирини кории ватанӣ дар ин кишвар, фаъол гардондани нақши соҳибкорони маҳаллии тоҷиктабор ҳамчун шарикони рушди Ватан, ба роҳ мондани кори муштараки мақсаднок ба хотири баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии тоҷикистониён дар қаламрави Россия рафт.
Дар Мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи доимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, генерал--майор Файзалӣ Шарифзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, роҳбарони созмонҳои диаспоравии миллию фарҳангии тоҷикони муқими вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Тюмен, Курган ва шаҳри Сургути Федератсияи Россия Мастбегим Ошурбекова, Исломуддин Раҷабов, Абдулло Каримов, Муҳаммадалӣ Фозилов, Мирзодавлат Миршарифов, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, аъзои Шӯрои болозикр, аз ҷумла муовинони муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Иброҳим Ёқубов ва Маҳмадюсуф Сандалов, иштирок карданд ва аксарияташон ибрози андешаву пешниҳодот намуданд.




