Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия 

07.07.2024 12:17

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия 

7 июли соли 2024--дар доираи сафари кориаш ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия--Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Губернатори вилояти болозикр Евгений Куйвашев мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир, Сафири ҷумҳурӣ дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сардори раёсати дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Маҳмуд Амирзода иштирок доштанд.
 Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ҷараёни мулоқот  таъкид намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия шарикони стратегӣ буда, ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин--ҳамкории байниминтақавии ду кишвари дӯст низ бемайлон рушду  тавсеа меёбад.
   
Сарвазири кишвар оид ба имконоти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи робитаҳои хориҷии байналмилалӣ ибрози назар намуда, зарурати  тақвияту густариши ҳамкории мутақобилан судманди байниминтақавиро  дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таъкид намуд. 
   
Тазаккур дода шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2024" майдони хубест барои пешниҳоду баррасии пружаҳои судманди ҳамкорӣ. Дар ин иртибот дар назар аст, ки соҳибкорони ду давлат дар бахши роҳандозии ҳамкориҳои судовар ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.
   
Сарвазири Ҷумҳурии  Қоҳир Расулзода  ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев  инчунин ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мубодилаи судманди афкору пешниҳодот намуданд. 
  
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи соҳибкорони муваффақ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2024" , ки аз 8 то 11 июли соли 2024 фаъолият хоҳад кард, иштирок мекунад ва дар Павилёни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни саноатии 44 ширкати ватанӣ муаррифӣ мешавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 9 июли соли 2024 бо экспозитсияҳо ва павилёнҳои  Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром-2024" шинос шуда, дар ҷаласаи стратегии он иштирок хоҳад кард.

Эҳтимол меравад, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии "ИННОПРОМ-2024" бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин оид ба таҳкими муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои муфиди гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯсту бародар мулоқот хоҳад дошт.

gub-1.jpg

gub-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg