Мулоқоти Консули генералӣ бо роҳбари шуъбаи байналмилалии Донишкадаи уралии идора--Бахши Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия
19 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари шуъбаи байналмилалии Донишкадаи уралии идора Олга Останина мулоқот кард.
Мусоҳибон дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тавоҳум масъалаҳоро марбут ба идома ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Донишкадаи уралии идора ва муассисаҳои таълимии дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мубодилаҳои илмӣ ва таълимӣ, мавриди мубодилаи афкору пешниҳодот қарор доданд.
Дипломати тоҷик омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ба хотири густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар ин арса ва ҳамкории муфиди муассисаи консулӣ бо Донишкадаи болозикр иброз дошт.
Дар навбати худ, Олга Останина назару андешаҳои худро дар бораи самтҳо ва шаклҳои рушди ҳамкорӣ бо ҳамкасбони тоҷикистонии худ баён кард.
Бояд қайд кард, ки Донишкадаи уралии идора бахши минтақавии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия буда, дар мавриди тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти давлатӣ ва соҳаи соҳибкорӣ тахассус дорад.Дар солҳои охир ин Донишкада мавқеи худро дар соҳаи татбиқи барномаҳои таълимии байналмилалӣ фаъолона мустаҳкам менамояд.Ҳоло дар ин муассиса донишҷӯён аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Сурия, Чин, Гвинея, Гвинеяи Экваториалӣ, Гаити, Конго, Кот-д'Ивуар ва дигар кишварҳои дунё--аз рӯйи барномаҳои асосии таълимӣ--таҳсил мекунанд.