Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари шабакаи тиҷоратии Урали Миёна "7я" мулоқот кард

20.06.2024 12:49

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари шабакаи тиҷоратии Урали Миёна "7я" мулоқот кард

Дар нимаи аввали рӯзи 20 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамватани худ, роҳбари шабакаи тиҷоратии минтақаи Урали Миёна "7я" Аҳлиддин Латифов мулоқот намуд. 

Зимни суҳбат Аҳлиддин Латифов изҳори омодагӣ ба он кард, ки барои татбиқи амалии Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои соли 2024 ва дар солҳои минбаъда ҳамаҷониба кумак расонад. 

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳлиддин Латифов барои саҳми шахсиаш дар таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистону Россия ва кумакҳои хайриявиаш ба муҳоҷирони ниёзманди меҳнатии тоҷик изҳори сипос кард.

Дипломати тоҷик Аҳлиддин Латифовро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.

bahriddin-01.jpeg

Bahriddin.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg