Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар кори Платформаи (Корпояи)профилактии боз иштирок кард  

20.06.2024 12:46

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар кори Платформаи (Корпояи)профилактии боз иштирок кард  

Дар нимаи дуюми рӯзи 20 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар кори Платформаи (Корпояи) профилактии боз барои ташаббусҳои ҷамъиятӣ таҳти унвони "Арзишҳои миллӣ--фарҳангии саломатӣ ва  дарозумрӣ" иштирок намуд ва суханронии шодбошӣ дошт.

Дар макони баргузории чорабинӣ фазои гарми меҳмоннавозӣ, дӯстии халқҳо ва ризоияти байнимиллӣ ҳукми равон доштанд.

Ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, президенти Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова, роҳбарону намояндагони як зумра ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангию миллии Урали Миёна, ходимони шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ иштирокчиёни фаъол ва созмондиҳандагони Платформаи(Корпояи) профилактии боз барои ташаббусҳои ҷамъиятӣ таҳти унвони "Арзишҳои миллӣ--фарҳангии саломатӣ ва дарозумрӣ" буданд.

Ин чорабинӣ дар маркази сиёсии Екатеринбургшаҳр--майдони "Октябр"--дар доираи Конфронси умумироссиягй, бо иштироки намояндагони байналмилалӣ, дар мавзӯи "Пешгирӣ дар амал—саъю талошро якҷо созем" баргузор гашт.

Дар се Хайма гӯшаҳои ташкилотҳои ҷамъиятии миллӣ--фарҳангӣ бомуваффақият кор карда, дастоварду арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикон дар бахши саломатӣ ва дарозумрӣ хеле хубу моҳирона муаррифӣ шуданд.

Дар ҳузури ҳайати умумироссиягии намояндагону меҳмонон, ки ба онон директори Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск ва роҳбари бахши вилоятии Салиби Сурхи россиягӣ Ирина Левина ҳамроҳӣ мекард, ходими соҳибистеъдоди диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург Фахриддин Ошурбеков суханронии муаррифисоз  ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ Зафар Сайидзода суханронии шодбошӣ намуданд.

platform-11.jpeg

platform-2.jpeg

plaftorm-44.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg