Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар Коллеҷи тиббии вилояти Свердловски Федератсияи Россия масъалаҳои ҳамкориро дар арсаи таблиғу густариши арзишҳои миллӣ--фарҳангии саломативу тандурустӣ баррасӣ кард 

18.06.2024 12:39

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар Коллеҷи тиббии вилояти Свердловски Федератсияи Россия масъалаҳои ҳамкориро дар арсаи таблиғу густариши арзишҳои миллӣ--фарҳангии саломативу тандурустӣ баррасӣ кард 

18 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Вохӯрӣ бо директори Коллеҷи тиббии вилояти Свердловски Федератсияи Россия, роҳбари бахши вилоятии Салиби Сурхи россиягӣ Ирина Левина иштирок намуд.

Дар Вохӯрӣ ҳамчунин ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, президенти Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии миллй--фарҳангии минтақаи Урали Миёна, ходимони дигари  маҳаллии ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. 

Дар чаҳорчӯбаи Вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба ташкили Корпояи(Платформаи) бози профилактикии ибтикороти ҷамъиятӣ таҳти унвони "Арзишҳои миллӣ-фарҳангии саломатӣ", ки 20 июни соли 2024 дар маркази сиёсии пойтахти уралӣ дар доираи чорабиниҳои Конфронси умумироссиягӣ бо иштироки намояндагони байналмилалӣ дар мавзӯи "Пешгирӣ дар амал--неруҳоро муттаҳид мекунем" баргузор мегардад, мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор дода шуданд.

Дар Корпояи(Платформаи) бози профилактикии  ташаббусҳои ҷамъиятӣ дар дохили се хайма гӯшаҳои созмонҳои ҷамъиятии миллӣ--фарҳангӣ амал хоҳанд кард ва, аз ҷумла, дастовардҳо ва арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикон дар соҳаи саломативу тандурустӣ муаррифӣ мешаванд.

kollej-111.jpeg

kollej-222.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg