Консули генералӣ корхонаи ҶДММ "Сулолаи дӯзандагӣ" ва ҳамватанони дӯзандаашро бо 25-солагии таъсиси фабрика табрику таҳният гуфт

20.06.2024 12:33

Консули генералӣ корхонаи ҶДММ "Сулолаи дӯзандагӣ" ва ҳамватанони дӯзандаашро бо 25-солагии таъсиси фабрика табрику таҳният гуфт

20 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни дугона–25-солагии таъсисёбии фабрикаи дӯзандагии ҶДММ "Сулолаи дӯзандагӣ" ва 140-солагии сулолаи дӯзандагии асосгузори ин фабрикаи дӯзандагӣ Ирина Путс--иштирок ва суханронии шодбошӣ намуд.

Чорабинии мутантан дар бинои театри «Щелкунчик»-и Екатеринбургшаҳр  барпо гардид. 

Дипломати тоҷик сухани табрикӣ гуфта, директори ҶДММ "Сулолаи дӯзандагӣ" Ирина Путс ва панҷ дӯзандаи тоҷиктабори корхонаи ӯ--Рӯзиҷон Абдурасулова, Таҳмина Аҳмадҷонова, Гуландом Бозорова, Марҳабохон Раҷабзода ва Замираҷон Сиддиқоваро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.Дар шакли бадеӣ иштирокчиёни чорабинии ҷашниро дастаи соҳибистеъдоди рақсии Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик 'Дидор""  (президенти созмон Мастбегим Ошурбекова) табрик намуд.

ҶДММ "Сулолаи дӯзандагӣ" коллективи сермиллати дӯстона буда, дар ҳайати он 20 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилонаю эҷодкорона меҳнат мекунанд. 

Аз соли 1999 инҷониб дар шаҳри Екатеринбург корхонаи дӯзандагии ҶДММ "Сулолаи дӯзандагӣ" барои кӯдакон ва навзодон либосҳои шинам, баландсифат, бехатар ва замонавӣ дӯхта, маҳсулоташ дар ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин дар Туркия, Муғулистон, Белоруссия ва Қазоқистон ниёзмандони зиёд дорад.

duzanda-1.jpeg

duzanda-3.jpeg

duzanda-22222.jpeg

duzanda-2.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg