Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи Маҳфили дипломатии «Контекст» 

21.06.2024 12:13

Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи Маҳфили дипломатии «Контекст» 

21 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи  Маҳфили дипломатии «Контекст», ки дар шакли ноштои корӣ бо иштироки дипломатҳои маҳаллӣ ва консулҳои фахрӣ дар пойтахти уралӣ баргузор гашт, иштирок кард ва дар ҷараёни он борҳо ибрози андешаҳо кард.

Мавзӯъҳои асосии мавриди баррасию муҳокима ба интихоботи дар моҳи марти соли 2024 баргузоргаштаи Президенти Россия, ташаккули ҳайати нави Ҳукумати Федератсияи Россия ва эъломи ислоҳот дар бахшҳои маориф ва андозбандӣ иртибот доштанд.

Муовини роҳбари дастгоҳи Губернатор ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вадим Дубичев, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёӣ Андрей Русаков, олим-таҳлилгари маъруф, доктори илмҳои фалсафа, профессор, роҳбари Маҳфили коршиносони шаҳри Екатеринбург Анатолий Гагарин оид ба ин мавзӯъҳои мубрам суханронӣ карда, ибрози андешаву арзёбиҳо намуданд. 

Дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ ва консулҳои фахрӣ аз баромадкунандагону таҳлилгарони номбурда ба саволҳои худ посухҳои комил гирифтанд.

Дар ҷаласаи Маҳфил корманди масъули намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Виталий Пирогов ва ҳамоҳангсози пружаи "Маҳфили дипломатии "Контекст""  Елена Пономарева иштирок доштанд.

ziefat-diplomat-1.jpeg

ziefat-diplomat-2.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg