Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо варзишгари соҳибмаҳорати тоҷик мулоқот кард
Дар нимаи аввали рӯзи 12 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамватани худ, собиқадори варзиши сабуки тоҷик, варзишгари соҳибмаҳорат оид ба дави марафонӣ Амонбек Неъматуллоев мулоқот намуд.
Тайи 12 соли ахир Амонбек Неъматуллоев дар берун аз марзҳои Тоҷикистон дар 60 мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳудуди тақрибан 30 минтақаи Россия, ширкат кардааст.Дар соли 2024 ӯ дар мусобиқа оид ба дави марафонӣ дар ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ дар соли 1945 ҷойи дуюмро ишғол намуда, дар мусобиқаи 41-ум оид ба дави марафонӣ таҳти унвони «Афсонаҳои Бажов» бахшида ба 90-солагии таъсиси вилояти Свердловски Федератсияи Россия масофаи 10 километрро бомуваффақият тай кард.
Дипломати тоҷик Амонбек Неъматуллоевро бо дастовардҳои варзишиаш табрик гуфта, ба ӯ барои саҳми шахсиаш дар таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистону Россия тавассути густариши фарҳанги варзишӣ изҳори сипос кард ва дар “Рӯзи Россия” барояш китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро дар бораи таърихи Россия ҳадя кард.
