Мулоқоти судовар бо сархатиби ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо сархатиби ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоҷӣ--ҳазрат Зайниддин Қарчиев мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбати пурмуҳтаво таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи зарурати тақвияту такмили тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавони тоҷикистониёни муқими минтақаи Урал зоҳир гардид.
Ҳамсуҳбатон ҳамақида дар он буданд, ки дар ин арса инконоту зарфияти фарохи тарбиявию фаҳмондадиҳии масҷидҳои маҳаллиро, ки аксарияти ибодатгаронашон, масалан, дар шаҳри Екатеринбург, ҷавонони тоҷикистонӣ мебошанд, мавриди татбиқи амалии муфид қарор бояд дод.
Дипломати тоҷик ба ходими шинохтаи исломии Тоҷикистон китоби дар муаллифӣ иншокардаи хешро оид ба таърихи Россия тақдим намуд.
Дар ин мулоқот муовини муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия имом--ҳазрат Маҳмадюсуф Умарзода Сандалов иштирок намуд.