Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкори ҳамватанаш барои расонидани кумаки хайриявӣ ба 18 оилаи ниёзманди вилояти Свердловски Федератсияи Россия изҳори сипос кард
7 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор Мансурҷон Амирҳотамзода Қурбонов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти хайриявии Мансурҷон Қурбонов дар минтақаи Урали Миёна ва дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокаш дар татбиқи амалии Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли ҷории 2024 ва дар ободонии деҳоти Ватан хамчун шарики рушди он мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ карор гирифтанд.
Мансурҷон Қурбонов гуфт, ки бо амри қалбаш ба 18 хонаводаи россиягии таҳҷоии ниёзманди вилояти Свердловск кумаки беғаразонаи хайриявӣ кардааст.
Дипломати тоҷик ба Мансурҷон Қурбонов барои ин иқдоми инсондӯстона ва ҳамчунин барои таъмири куллии қитъаи 1,3--километрии роҳи харобгашта,барқарорсозии пул ва кумакаш дар ҳалли масъалаи таъмини аҳолии деҳоти "Машъал"--и ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо об изҳори сипос намуд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Қурбоновро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонида, ба ӯ китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро оид ба таърихи Россия тақдим кард.