Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёдгузору роҳбари Чойхонаи миллии тоҷикӣ дар пойтахти уралӣ мулоқот кард
10 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамватанаш Адҳам Холматҷонзода Ӯрунбоев--соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор, муассису директори Чойхонаи миллии тоҷикии "Ҳамза", ки ба муштариёни Маркази калони савдои пойтахти уралӣ "Апелсин" хизмат мерасонад, мулоқот намуд.
Дипломати тоҷик ба фаъолияти Адҳам Ӯрунбоев дар самти муаррифии шоистаи фарҳанги ғизои миллии тоҷикон ва расонидани кумакҳои хайриявӣ ба донишҷӯёни ниёзманди хориҷии мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург, аз ҷумла ба донишҷӯёни ниёзманди ҳамватан, баҳои мусбат дод.
Адҳам Ӯрунбоев изҳори омодагӣ ба он кард, ки дар татбиқи амалии Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои соли равони 2024 ва солҳои минбаъда саҳм бигирад.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Ӯрунбоевро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонида, ба ӯ китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро оид ба таърихи Россия ҳадя кард.