Суҳбат бо намояндаи арзандаи диаспораи тоҷикони муқими Екатеринбургшаҳр
2 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамватанаш --
намояндаи шоистаи диаспораи точикони муқими Екатеринбургшаҳр Беҳруз Сиддиқзода мулоқот намуд.
Ҳамсуҳбати дипломати тоҷик бештар аз 10 сол боз дар шаҳри Екатеринбург кору зиндагӣ мекунад ва дар як ширкати сохтмонии муваффақи маҳаллӣ, ки ба бунёди майдончаҳои варзишӣ тахассус дорад, ба бригадаи бинокорон раҳбарӣ мекунад.
Бригадаи бинокории Беҳрӯз Сиддиқзода аз бештар аз 20 нафар зодагони Тоҷикистон,ки дар кишвари иқомат садоқатмандона меҳнат мекунанд, иборат аст.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити кору зиндагии ҳамватанони бинокораш, дараҷа ва сифати мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии онон ба шароити ҷомеаи россиягӣ муфассал пурсон шуд.
Дипломати тоҷик ба Беҳрӯз Сиддиқзода барои иқдомоти муфиди иҷтимоӣ ва ҳамкориаш бо муассисаи консулӣ “Ифтихорнома” супурд.