Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватан--иштирокдори Ҳамоиши дуюми байналмилалии занон
2 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори генералии ҶСК "Комбинати металлҳои камёфти Ленинобод" (вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) Барно Сулаймонова, ки барои иштирок дар кори Форуми дуюми байналмилалии занон ба пойтахти уралӣ ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Ҳамсуҳбатон ҷараёну натиҷаҳои Ҳамоиши дуюми байналмилалии занонро ба таври мусбат арзёбӣ карданд, сатҳи баланди тадорукотӣ ва маънавӣ--сиёсии он ва меҳмоннавозии гарми мардуми уралиро қайд намуданд.
Барно Сулаймонова ба дипломати тоҷик дар бораи таърих ва фаъолияти кунунии корхонаи саноатии таҳти роҳбариаш қарордошта, роҷеъ ба робитаҳои он бо шарикони россиягӣ нақл намуд.
Консули генералӣ изҳори омодагӣ ба он кард, ки ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкории судманди ҶСК "Комбинати металлҳои камёфти Ленинобод" бо шарикони эҳтимолиаш дар Ҳавзаи федералии Урал фаъолона мусоидат намояд.
Дар мулоқот узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Салим Ӯлмасов, ходими ҷамъиятии минтақаи Урали Миёна, ҳамоҳангсози пружаи "Маҳфили консулҳо "Контекст"" Елена Пономарёва ва фаъоли маҳаллии ҷамъиятии тоҷиктабор Мақсуд Самадов иштирок доштанд.