Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии оид ба арзишҳои ҷаҳонбинӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал баргузор гашта буд, маърӯза кард

12.04.2024 17:53

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии оид ба арзишҳои ҷаҳонбинӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал баргузор гашта буд, маърӯза кард

Дар нимаи аввали 12 апрели соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода--тавассути тамоси видеоии онлайнӣ--дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Дурнамои густариши модели россиягии арзишҳои ҷаҳонбинӣ дар муҳити иҷтимоию фарҳангии хориҷӣ дар шароити амнияти иттилоотӣ" иштирок намуд ва оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф дар пасманзари мавзӯи умумии ин Конфронс маърӯза кард. 

Дар ин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ 118 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 71 нафар изҳори хоҳиши маърӯза карданро намуданд.

Ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф.Яколев, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия Владимир Бублик ифтитоҳ намуд.  Суханронии ӯ ба мавзӯи ҷанбаҳои муосири густариши арзишҳои маънавию ахлоқии анъанавии россиягӣ дар фазои иттилоотии байналмилалӣ бахшида шуда буд.

Сипас дар мавзӯи "Арзишҳои конститутсионӣ: огоҳӣ аз онон ва пазириши онҳо аз ҷониби инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова маърӯзаи ҷолибу пурмуҳтаво намуд.

Умуман дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зиёда аз 10 маърӯза, аз ҷумла маърӯзаҳои олимони намоёни Австрия, Бразилия ва Италия, шунида шуд.

Дипломати тоҷик ба маърӯзаи роҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тюмен, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, раиси Палатаи ҷамъиятии вилояти Тюмени Федератсияи Россия Геннадий Чеботарёв дар мавзӯи “Иқтидори гуманитарии конститутсияҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин" баҳои мусбат дод.

Модератори(барандаи) ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ мудири кафедраи фанҳои иҷтимоиву гуманитарии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф. Яковлев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Александр Митин буд.

Дар нимаи дуюми рӯзи 12 апрели соли 2024 Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ кори худро дар ду бахш идома дод.

o1.jpeg

o2.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg