Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Ҷамъияти россиягии "Дониш" ҳамкориҳоро ба сатҳи нав хоҳанд баровард

03.04.2024 11:45

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Ҷамъияти россиягии "Дониш" ҳамкориҳоро ба сатҳи нав хоҳанд баровард

3 апрели соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари раёсати рушди Ҳавзаи федералии Урали Ҷамъияти россиягии "Дониш"  Иван Попп ва котиби матбуотии  раёсати болозикр Елена Палаткина мулоқот намуд.

Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, муколамаи порсола оид ба густариши ҳамкориҳо ба таври созанда идома ёфт.

Зимни табодули афкор ва пешниҳодот мусоҳибон оид ба нуктаҳои асосии нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба то охири соли 2024 ба мувофиқа расиданд.  Аз ҷумла  дар бораи дар студияи екатеринбургии Ҷамъияти "Дониш"-и  россиягӣ баргузор намудани форумҳо ва лектсияҳои  маърифатӣ паймони шифоҳӣ ҳосил гардид.

Дипломати тоҷик  нияти роҳбарияти Ҷамъияти россиягии  "Дониш"-ро оид ба дар соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафари корӣ анҷом дода, бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани санадхои ҳамкорӣ, инчунин дар заминаи мактаби миёнаи россиягӣ-тоҷикистонии ба номи Юрий Гагарини шаҳри Душанбе таъсис додани аудиторияи соҳиббрендӣ ба таври мусбат арзёбӣ намуд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро барои мусоидат ба амалисозии ниятҳои зикршуда изҳор намуд.

pop.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg