Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мулоқоти аъзои ҳайати Шӯрои соҳибкории Россияву Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал иштироку суханрониҳо намуд
4 апрели соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Мулоқоти аъзои ҳайати Шӯрои соҳибкории Россияву Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал Алексей Душин иштирок намуд.
Зимни Мулоқот, ки дар он ректори Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал Алексей Душин, директори иҷроияи Шӯрои соҳибкории Россияву Тоҷикистон Ирэна Мазай, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Шӯрои соҳибкории Россияву Тоҷикистон дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Қулдошев суханронӣ ва гуфтугӯ карданд, масъалаҳои мубрами на танҳо ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла дар бахши таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи амалии пружаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат ва энергетика, балки дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг низ муфассал ва бозавқ баррасӣ шуданд. Дар ин қарина ба иштирокчиёни Мулоқот аз ҷониби ректор Алексей Душин оид ба афзалияту имконоти татбиқи амалии лоиҳаи Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал таҳти унвони "Геологи наврас" дар ҳамкорӣ бо мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон маълумоти ҷолиб дода шуд.Ба мавзӯи роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва саноати маъдану металлургия таваҷҷуҳи хосса ба зуҳур пайваст.
Қабл аз Мулоқот бо аъзои ҳайати болозикр дипломати тоҷик ва ректори Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал нақшаи ҳамкориҳоро то охири соли 2024 баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули судманди афкору андеша доштанд.


