Суҳбати муфид бо ҳамватани шинохта-узви Коллегияи адвокатҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия

02.04.2024 18:28

Суҳбати муфид бо ҳамватани шинохта-узви Коллегияи адвокатҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия

 2 апрели соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо узви Коллегияи адвокатҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия, шаҳрванди шоистаи тоҷиктабори Федератсияи Россия Шамсиддин Нуриддинов мулоқот намуд.

Дар ҷараёни суҳбати муфассал бо  ҳамватани шинохтаю донишманд масъалаҳои ҳамкориҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои зодагону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии онон ва тарбияи тоҷикистониёни муқими сарзамини уралӣ дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба фарҳанг, таърих, забон, суннату анъанаҳо, арзишҳо ва тарзи зиндагии мардуми бумии россиягӣ мавриди табодули андешаву пешниҳодҳо қарор гирифтанд.

advokat.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg