Мулоқоти муфид бо фаъолони ҷамъиятии тоҷиктабори муқими ҳавзаи шаҳрии Арамили вилояти Свердловски Федератсияи Россия
28 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо гурӯҳи фаъолони муқими ҳавзаи шаҳрии Арамили вилояти Свердловски Федератсияи Россия Илҳомҷон Мирзоев, Ҷонибек Мирзоев, Сайакбар Гулов, Бахтиёр Худоёров ва Мамитхон Дӯстматов, ки шаҳрвандони тоҷиктабори Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва журналисти давлатмеҳвари тоҷикистонӣ, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Фарҳод Мирҷамолов иштирок карданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фарҳод Мирҷамолов ва аъзои гурӯҳи болозикри фаъолони арамилӣ барои кори мунтазами судманди ҷамъиятӣ ва амалҳои хайру савобнокашон арзи сипос намуд ва ононро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.
Иштирокдорони мулоқот аҳду паймон карданд, ки дар арсаи таҳкими ризоияти байнимиллию байнидинӣ дар ҷомеаи россиягӣ, бақодорию таҳкими арзишҳои суннатии маънавию ахлоқӣ дар он, пешбурди кори таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба хотири пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризми сиёсӣ дар ниқоби динӣ ҳамкории созандаро идома хоҳанд дод.
Пас анҷоми мулоқот дар Консулгарии генералӣ гурӯҳи ходимони фаъоли ҷамъиятии арамилӣ бо Сайидалӣ Орифзода Соҳибов--имоми масҷиди калони екатеринбургии ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит(дар кӯчаи Репина,42 воқеъ аст)--вохӯрданд ва оид ба мавзӯъҳои болозикр табодули афкору пешниҳодотро давом доданд.



