Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Донишгоҳи давлатии Тюмен масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд
29 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Тюмен Андрей Патрушев мулоқот кард.
Дипломати тоҷик ба Андрей Патрушев барои ҳамкориҳои судманд бо ҷониби тоҷикистонӣ дар арсаҳои маориф, илму фарҳанг арзи сипос намуда, ба ӯ китобҳои дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро дар бораи таърихи Россия ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин туҳфа кард ва ҳамсуҳбаташро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.
Дар ҷараёни суҳбати дӯстонаи созанда роҷеъ ба ҳамдастии минбаъда дар маҷрои таҳкиму рушди муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия табодули муфиди афкору пешниҳодот ба вуқӯъ пайваст.
