Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибодатгарони масҷиди калони шаҳри Екатеринбургро даъват кард, ки парчамбардори ахлоқи ҳамидаи имонӣ бошанд

21.03.2024 18:34

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибодатгарони масҷиди калони шаҳри Екатеринбургро даъват кард, ки парчамбардори ахлоқи ҳамидаи имонӣ бошанд

Шоми 21 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати муфтии  Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Абдулқуддус Ашарин--дар Ифторе, ки бо ибтикори шаҳрвандони россиягии тоҷиктабор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ибодатгарони масҷиди воқеъ дар кӯчаи екатеринбургии ба номи П.П.Бажов доир гашта буд, иштирок намуд.

Дар ҷараёни ифтор дипломати тоҷик ва муфтии россиягӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳоро ба хотири таҳкими ризоияти байнидинӣ ва байнимиллӣ дар ҷомеаи россиягӣ мавриди суҳбати созанда қарор доданд.

Пас аз ифтор Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори намозгузории масҷид дар ҳузури аҳли ибодат, ки аксарияташон зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, аз тариқи суханронии шодбошӣ ибрози андешаҳо намуд.

Дипломати тоҷик дар суханронии худ оид ба дастовардҳо ва вижагиҳои сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва татбиқи усули озодии виҷдон дар кишвар нақл карда, ибодатгаронро даъват ба амал овард, ки парчамбардори одоби баланд, ахлоқи ҳамида, накукорӣ бошанд ва дар ҷодаи бақодорию таҳкими арзишҳои суннатии маънавию ахлоқӣ саҳми сазовор бигиранд.

mufti-1.jpg

mufti-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg