Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои роҳандозии ҳамкориро бо ректори Донишгоҳи давлатии Челябинск баррасӣ намуд
25 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Донишгоҳи давлатии Челябинск дидан кард.
Дипломати тоҷикистониро барои дидан аз мактаби олии болозикр ректори он, доктори илмҳои физикаю математика Сергей Таскаев барои баррасии роҳандозию рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу илм даъват карда буд.
Дар чаҳорчӯби барномаи шиносоӣ бо Донишгоҳи давлатии Челябинск мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори он Сергей Таскаев баргузор шуд ва муколамаи созанда муфиду босамар буд.
Дар музокирот аз ҷониби тоҷикистонӣ сарвари диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Ҷанубӣ, намояндаи расмии Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Исломуддин Раҷабов, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Салим Ӯлмасов ва аз ҷониби россиягӣ ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Челябинск оид корҳои илмӣ Игор Бычков, роҳбари раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи номбурда Нурия Арнаутова ва директори тиҷоратии ҶДММ "ЗСМ "Спетсмаш"" Михаил Рухтин иштирок намуданд.
Қабл аз оғози музокирот иштирокдорони он хотири қурбониёни бегуноҳи ҳамлаи мудҳиши террористие, ки шоми 22 марти соли 2024 дар шаҳри Красногорски вилояти Москва рух дод, бо "дақиқаи хомӯшӣ" пос доштанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Челябинск Сергей Таскаев маводи видеоии муаррификунандаро дар бораи таъриху комёбиҳои ин мактаби олӣ, сохтору самтҳои асосии фаъолият, робитаҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушдаш шахсан шарҳу тавзеҳ дод.
Ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии робитаҳои шарикӣ изҳори манфиатдорӣ намуданд.
Қабули довталабони тоҷикистонӣ ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Челябинск, мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон бо макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши забони русӣ ба ҳайси забони хориҷӣ, иштирок дар конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ дар заминаи Донишгоҳи номбурда аз ҷумлаи масоили мавриди гуфтугӯ буданд.
Изҳори итминон шуд, ки чунин ҳамдастӣ дар арсаи рушду таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатию байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангу гуманитарӣ самараи мушаххас хоҳад дод.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректор Сергей Таскаев китобҳои дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро роҷеъ ба таърихи Россия ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тақдим кард.
Сипас иштирокдорони музокирот ва гурӯҳи донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Челябинск бо завқу мароқи зиёд бо экспонатҳои нодири Осорхонаи бостоншиносиву мардумшиносии Донишгоҳ ошно гаштанд.


