Дар шаҳри Челябинск дар бинои Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ ҷашни байналмилалии "Наврӯз" баргузор гардид
19 марти соли 2024 корманди дипломатии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Соҳибов дар шаҳри Челябинск дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ дар чорабинии идонаи тантанавӣ бахшида ба иди байналмилалии "Навруз" иштирок намуд.
Меҳмонони чорабиниро ректори Донишгоҳи болозикр Светлана Черепухина самимона истиқбол гирифт.
Чорабинӣ бо шиносоӣ бо гӯшаҳои намоишгоҳии намояндагони мардумони ҳавзаи ҷашни "Наврӯз", ки ба муаррифии дастархони ҳафтунсураи ҷашнӣ ва дигар анъанаҳои қадимтарин иди воқеан мардумӣ бахшида шуда буданд, оғоз гардид.
Сипас дар толори маҷлисгоҳ бахшида ба ҷашни иди байналмилалии "Наврӯз" консерти зебою рангоранги гуногунмиллат барпо гардид.
Пеш аз оғози консерти идона директори Донишкадаи агротехникии Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ Иван Шатин, мудири шуъбаи робита бо созмонҳои ҷамъиятии Маъмурияти шаҳри Челябинск Вячеслав Борисов, раиси Ассамблеяи халқҳои вилояти Челябински Федератсияи Россия Ханахмед Гюлов, кормандони дипломатии консулгариҳои генералии ҷамоҳири Тоҷикистону Ӯзбекистон Зафар Соҳибов ва Самандар Юлдошев, роҳбарони диаспораҳои тоҷик, ӯзбек ва қазоқ дар минтақаи Урали Ҷанубии Россия Исломуддин Раҷабов, Маъмурҷон Қодиров ва Ҷадгер Нурумов суханрониҳои пурмуҳтавои шодбошию табрикӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ Светлана Черепухина барои таваҷҷуҳи зиёд ба вазъу ҳаёти шаҳрвандони тоҷикистонии дар Донишгоҳ таҳсилкунанда ва роҳандозии муносиботи шарикии муфиду ҳусни тафоҳуми комил миёни Донишгоҳ ва муассисаи консулӣ "Сипоснома"--ашро, ки ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода унвонӣ шудааст, ба корманди дипломатии муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Соҳибов супорид.